Ссылки доступа

Хадамоти ҷосусии ИМА: теъдоди ҷангиёни ДИ якбора кам шуд


Теъдоди ҷангиёни гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» (ДИ), ки дар Сурия ва Ироқ меҷанганд, ахиран аз 31 ҳазор то ба 25 ҳазор нафар кам шудааст.

Сухангӯйи Кохи сафед Ҷош Эрнест натиҷаҳои таҳқиқи идораи ҷосусии Амрикоро ба ин тартиб шарҳ дод.

Коҳиши тақрибан 20 дарсадии ҷангиёни Сурия ба талафоти ҷангӣ ва фирор аз сафҳои ин гурӯҳ маънидод мешавад. Гузориши идораҳои ҷосусӣ нишон медиҳад, ки амалиёти эътилофи байналмилалӣ ба раҳбарии ИМА, аз ҷумла амалиёти низомии заминӣ натиҷа медиҳанд.

Ҷош Эрнест дар миёни шарикони ИМА дар ин амалиёт нерӯҳои давлати Ироқ, ихтиёриёни иборат аз намояндагони гурӯҳҳои мухталифи қавмиву динӣ ва гурӯҳҳои мухолифони суриягиро ном бурд. Ҳавопаймоҳои низомии эътилоф ба исломгароҳо беш аз даҳ ҳазор зарбаи ҳавоӣ задаанд.

«Бояд зикр кард, ки ҷорабиниҳои ҷомеаи байналмилалӣ барои пешгирӣ аз ҷиҳодиёни эҳтимолӣ ба кам шудани хориҷиёни ҷангҷӯ дар сафи ДИ сабаб шудааст», - афзуд сухангӯйи Кохи сафед.

Дар гузориши идораи ҷосусӣ гуфта мешавад, ки исломгароҳо аз Африқои Шимолӣ, ки метавонистанд сафи артиши ДИ дар Ироқ ва Сурияро пур кунанд, даъвати раҳбарияти ин гурӯҳро ба инобат гирифта, барои ҷанг ба Либия рафтаанд.

XS
SM
MD
LG