Ссылки доступа

Бердимуҳаммадов арзишҳои ғарбиро ба ёд овард


Лоиҳаи нави Конститутсияи Туркманистон дар фурсатҳои наздиктарин ба муҳокимаи умум гузошта мешавад, хабар медиҳад нашрияи "Хроника Туркменистана".

Бо пешниҳоди президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, дар Қонуни асосӣ ба бисёрҳизбӣ ва гуногунандешии сиёсӣ иҷозат дода мешавад. Аммо сохтори идораи давлатӣ - низоми идораи президентии ҷумҳурӣ тағйир дода хоҳад шуд. Дар сурати ғайри қобили амал шудани сардори давлат то интихоби президенти нав идораи давлат бар дӯши раиси парлумон вогузор мешавад.

Эҳтимол меравад, Қонуни асосии Туркманистон ин бор комилан тағйир ёбад, зеро Бердимуҳаммадов мехоҳад, худро ҳамчун роҳбари демократ муаррифӣ намояд ва барои ҷалби сармоя дар бахши энергетика бо Ғарб наздик шавад.

Ба банди дувуми Конститутсияи Туркманистон, ки ин кишварро бетараф муаррифӣ мекунад, низ илова ворид мегардад. Дар ҷаласаи кории такмили Қонуни асосӣ Бердимуҳаммадов гуфтааст, дар муносиботи байналмилалӣ бетарафии Туркманистон баҳои мусбат гирифтааст.

XS
SM
MD
LG