Ссылки доступа

Шӯрои амнияти СММ партоби мушаки Куриёи Шимолиро маҳкум кард


Шӯрои Амнияти СММ партоби мушаки Куриёи Шимолиро маҳкум кард ва аз таҳримҳои нав алайҳи ин кишвар хабар дод.

Дар ҷаласаи изтирории Шӯрои Амният аз таҳримҳои нав Чин ва 14 кишвари дигари узви Шӯро пуштибонӣ карданд. Ахиран Куриёи Шимолӣ аз партоби мушаки дурпарвоз хабар дод. Телевизиони давлатии ин кишвар иттилоъ дод, ки партоби мушак бо фармони пешвои кишвар Ким Чен Ин бо мақсади "ба кайҳон расонидани моҳвора" муваффақона анҷом шуд.

Ҷаласаи Шӯрои Амният бо дархости ИМА, Куриёи Ҷанубӣ ва Ҷопон пушти дарҳои баста баргузор шуд. Ба гуфтаи сафири ИМА дар СММ Саманта Пауэр, қатъномаи нав дар мавриди таҳримҳои иловагӣ бояд ҳарчӣ зудтар пазируфта шавад ва "тадбирҳои бесобиқаеро" дар бар гирад, ки Куриёи Шимолӣ интизорашро надорад.

Телевизиони Куриёи Шимолӣ мегӯяд, моҳвораи Кванменсон-4 дар ҳоли ҳозир ҳар 94 дақиқа атрофи Замин давр мехӯрад. Аммо иддае аз коршиносон мегӯянд, партоби мушак баҳонае барои пушонидани озмоиши ракетаҳои болдор аст, ки ин навъи ракетаҳо имкони ҳамли кулоҳакҳои ҳастаиро доранд. Партоби ракетаҳои болдорро СММ манъ кардааст. Моҳи январ Куриёи Шимолӣ аз озмоиши муваффақонаи бомбаи ҳидрогенӣ хабар дода буд.

XS
SM
MD
LG