Ссылки доступа

Туркия: “намегузорем, ки гурезаҳо бимиранд”


Ҳукумати Туркия эълон кард, ки қабули гурезаҳои суриягиро идома медиҳад, ҳарчанд шумори онҳо ба “ҳадди ниҳоӣ расидааст”.

Ба гуфтаи муовини нахуствазири Туркия, Нӯъмон Қуртулмуш, даҳҳо ҳазор нафар аз ҳамлаҳои артиши ҳукуматӣ дар минтақаи марзии Килиса “дигар ҷойи гурез” надоранд. Вай афзуд, ки “ё онҳо дар зери бомбаборонҳо кушта мешаванд ва ё мо бояд марзҳоро боз кунем”.

Артиши Сурия ба минтақаҳои атрофи Ҳалаб, ки аз сӯйи мухолифон таҳти назорат қарор надоранд, ҳамла мекунад. Қариб 35 ҳазор сокини Сурия ба марзи Туркия фирор кардаанд. Пештар намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо дар корҳои хориҷӣ Федерика Могеринӣ аз Анқара даъват кард, ки ба воридшавии гурезаҳо иҷоза диҳад. Зеро ин кор ҳарчанд вазифаи қонуниаш набошад ҳам, фароҳам кардани шароит барои фирориён вазифаи инсонӣ аст. Дар моҳи ноябр ИА ба Туркия барои кумак ба гурезаҳо 3,3 миллиард доллар ваъда дод. То ҳол Туркия дар қаламрави худ 2,5 миллион гурезаро қабул кардааст.

XS
SM
MD
LG