Ссылки доступа

Қирғизҳо дар хонаҳои тоҷикон парчами худро овехтанд


Намояндаи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон барафрохтани парчами Қирғизистон дар хонаҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро “амали барқасдона” унвон кард.

Фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар вилояти Суғд генерал Муҳаммад Ҷаъфаров гуфт, марзбонони қирғиз 6 феврал парчами кишвари худро ба ҳавлии ду сокини ҷамоати Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барафрохтаанд. Марзбонони қирғиз сабаб пеш овардаанд, ки ин минтақаи баҳснок аст ва аз сокинон талаб кардаанд, то қаламрави Қирғизистонро тарк кунанд.

Генерал Ҷаъфаров бар ин назар аст, ки ин минтақаи баҳснок аст ва ҳанӯз марз дар ин минтақа аломатгузорӣ ва дақиқ карда нашудааст. Аммо сокинони маҳаллӣ мегӯянд, “ин минтақа ҳамеша моли Тоҷикистон буд”.

Ҷониби Қирғизистон то ҳол ин ҳодисаро шарҳ надодааст, аммо ба гуфтаи раиси ҷамоати Овчӣ Қалъача Эргаш Ҷӯраев, ки вазъи рухдодаро бо раиси ҷамоати Кулундуи Қирғизистон Қувватбек Сулаймонов баррасӣ кардааст, мақомоти қирғиз низ пофишорӣ доранд, ки ин минтақа аз они Қирғизистон аст ва масъала бояд миёни мақомоти баландпояи ду кишвар ҳал шавад.

Дар қитъаҳои баҳсноки марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки ҳоло аломатгузорӣ нашудааст, зуд-зуд барои дастрасӣ ба об ва чарогоҳ даргириҳо рух медиҳанд. Дар солҳои ахир дар ин даргириҳо шаҳрвандони ҳар ду кишвар кушта ва захмӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG