Ссылки доступа

Сафари Меркел ба Туркия барои баррасии масъалаи гурезаҳо


Интизор меравад имрӯз садри аъзами Олмон Ангела Меркел бо президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва нахуствазири ин кишвар Аҳмад Довудоғлу мулоқот кунад.

Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, ки Туркия вазифадор аст, марзҳои худро барои гурезаҳо боз нигаҳ дорад ва ҳамзамон бояд аз мавҷи гурезаҳо ба Аврупои Ғарбӣ пешгирӣ кунад. Бештаре аз гурезаҳо ба Иттиҳоди Аврупо аз тариқи Туркия ворид мешаванд.

Брюссел ваъда медиҳад, ки барои мусоидат дар пешгирӣ аз мавҷи гурезаҳо ба сӯйи Иттиҳоди Аврупо ба Анкара се миллиард евро (3,3 миллиард доллар) кумак мекунад.

Даҳҳо ҳазор суриягиҳои гуреза аз шаҳри Ҳалаб, ки дар пайи ҳамлаи нерӯҳои ҳукуматии ин кишвар бо мусоидати Русия ба фирор водор шудаанд, феълан дар марзи миёни Сурия ва Туркия қарор доранд.

Туркия, ки барои кумак ба гурезаҳо бо шумули занҳову кӯдакон вазифадор шудааст, то ҳол марзи худро барои ин мардум боз накардааст. Созмонҳои башардӯстона изҳор медоранд, ки бо вазъи “ногувор” рӯбарӯ шудаанд.

XS
SM
MD
LG