Ссылки доступа

Меркел ва Довудоғлу амалиёти Русия дар Сурияро маҳкум карданд


Сарвазири Туркия Аҳмад Довудоғлу ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел ҳамлаи нерӯҳои ҳукуматии Сурияро ба шаҳри Ҳалаб маҳкум карданд.

Ин ҳамла бо пуштибонии нерӯҳои ҳавоии Русия сурат гирифтааст.

Ангела Меркел ва Довудоғлу дар як нишасти матбуотии муштарак дар Анкара ин изҳоротро ироа карданд.

Садри аъзами Олмон гуфт, таҷовузкориҳо бояд фавран қатъ шаванд. Вай афзуд, амалиёти Русия дар Сурия қатъномаи СММ-ро, ки ҳамла алайҳи сокинони осоиштаро манъ кардааст, вайрон мекунад, хабар медиҳад оҷонсии DPA.

Аҳмад Довудоғлу дар навбати худ гуфт, Туркия ва Олмон дар масъалаи бо роҳи дипломатӣ манъ кардани ҳамлаи шаҳри Ҳалаб тавофуқ ҳосил кардаанд. Вай ҳамчунин афзуд, дар сурати зарурат Туркия метавонад гурезагони Сурияро, ки дар сарҳади Туркия ҷамъ омадаанд, бипазирад. Ба гуфтаи Довудоғлу, ба далели ҳамла ба Ҳалаб наздики 30 ҳазор сокини ин шаҳр хонаҳои худро тарк кардаанд.

Сарвазири Туркия гуфт, ҳафтаи оянда Анкара иттилоъ хоҳад дод, ки 3,3 миллиард доллари Иттифоқи Аврупоро чӣ гуна харҷ хоҳад кард. Ёдовар мешавем, Иттиҳоди Аврупо ба Туркия барои ҳалли буҳрони муҳоҷират 3,3 миллиард доллар ваъда кардааст.

XS
SM
MD
LG