Ссылки доступа

Ҳунарпешагони қирғиз ба Лондон даъват шуданд


Атай Омурзоқов ва гуруҳи “Тумар КР” дар барномаи машҳури телевизионии “Бритониё истеъдод меҷӯяд - 2016” (Britain's Got Talent 2016) ширкат мекунанд.

Дар ин бора Омурзоқов дар саҳифаи худ дар Фейсбук хабар додааст.

“Мо дар Лондон, дар Бритониё ҳастем. Барои ширкат дар барномае, ки 5 сол талош доштем, омадаем, билохира мо ин ҷоем, дар рӯ ба рӯи саҳна. BGT, 2016”, - навиштааст Омурзоқов.

Ёдрас мешавем, дар охири моҳи январи соли ҷорӣ Атай Омурзоқов ва гуруҳи «Тумар КР» дар ҷашнвораи байналхалқии Du Cirque de dimain дар Порис медали биринҷӣ ба даст оварданд.

XS
SM
MD
LG