Ссылки доступа

Қазоқистон ҳамкориҳояшро бо Эрон густариш медиҳад


Аз дирӯз дар пойтахти Эрон робитаҳои иқтисодиву тиҷоратии миёни Қазоқистон ва Эронро баррасӣ мекунанд.

Як ҳайати давлатии Қазоқистон дар сафари Теҳрон робитаҳои ин кишварро бо Эрон пас аз аз озод шудани Эрон аз таҳримҳои байналмилалӣ баррасӣ мекунад.

Дар ҷараёни ин сафар ҳамоишҳои тиҷоратӣ ва мулоқотҳои корӣ баргузор мешаванд. Ҷониби Эрон хабар медиҳад, ки вазифаи асосии сафари ҳайати Қазоқистон ба Теҳрон аз байн бурдани монеаҳо дар арсаҳои бонкӣ ва иқтисодист. Қазоқистон ба навбати худ ба ҳалли масъалаҳои содироти маҳсулот бештар таваҷҷӯҳ мекунад. Ҷониби Эрон ба ширкатҳои қазоқистонӣ пешниҳод кардааст, ки дар бозсозӣ ва кори бандарҳо дар халиҷи Форс сармоягузорӣ кунанд.

Ба ҳайати 250-нафарии Қазоқистон намояндаҳои вазоратҳо, ҳокимиятҳо ва ниҳодҳои тиҷоратӣ шомил буда, онро вазири сармоягузорӣ ва рушд Асет Исекешев раҳбарӣ мекунад.

Дар ҷараёни ин сафар қарордоди дарозмуддати содироти гӯшт аз Қазоқистон ба Эрон имзо шуд. Арзиши ин қарордод 30 миллион доллар арзёбӣ мешавад. Ҳоло дар Қазоқистон 160 ширкати муштараки қазоқистониву эронӣ фаъолият мекунад.

XS
SM
MD
LG