Ссылки доступа

Саудия ба ҷанги зидди ДИ дар Сурия ҳамроҳ мешавад


Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ Абдул ал-Ҷубейр гуфт, эҳтимол дорад нерӯҳои вижаи ин кишвар барои мубориза бо гурӯҳи ифротии “Давлати исломӣ” дар сафи эътилофи байналмилалии таҳти раҳбарии ИМА ба Сурия фиристода шаванд.

«Дар сурати зарурат Арабистони Саудӣ омода аст барои анҷоми амалиёти низомии заминӣ дар мубориза бо ДИ дар сафи эътилофи байналмилӣ ниҳодҳои низомии вижаи худро фиристад”, - гуфт Ал-Ҷубейр.

Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ ин хабарро дар Вашингтон баъд аз анҷоми мулоқот бо котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ эълон кард. Даргириҳо дар Сурия ва Яман дар меҳвари музокироти Ал-Ҷубейр бо Керрӣ қарор дошт. Намояндаи департаменти давлатӣ тасдиқ кард, ки дар ин мулоқот мавзӯи “амалиёти заминӣ” дар даргирии Сурия баррасӣ шудааст.

Дар Сурия, ки гирифтори ҷанги панҷсолаи шаҳрвандӣ аст, тӯли қариб чаҳор моҳ зарбаҳои ҳавоии Русия идома доранд, ки ба тақвияти мавқеи президенти Сурия Башор Асад сабаб шуд. Нерӯҳои ҳукуматии Сурия, ки аз сӯйи Русия ва Эрон ҳимоят мешаванд, ба самти марз бо Туркия пешрафт мекунанд.

XS
SM
MD
LG