Ссылки доступа

Хабарнигори мухолифро ҳамчун "нашъаманд" суд мекунанд


Дар додгоҳи ноҳиявии Бостандиқи шаҳри Алмаатои Қазоқистон имрӯз муҳокимаи парвандаи ҷиноӣ дар нисбати хабарнигори сомонаи мухолифи Nakanune.kz Юлия Козлова шурӯъ шуд.

Ӯро тибқи банди 2 моддаи 296 қонуни ҷазо (тавлиди ғайриқонунӣ, коркард, харидорӣ, нигаҳдорӣ, интиқоли бидуни ҳадафи фурӯши маводи мухаддир ва маводи мадҳушкунанда) айбдор мекунанд. Юлия Козлова ин парвандаро дорои ангезаи сиёсӣ медонад.

Маводи мухаддиро гӯиё дар манзили Юлия Козлова маъмурони пулис зимни кофтукоб дар набудани худи хабарнигор пайдо кардаанд. Тибқи таҳқиқот, кофтукоби манзили хабарнигор дар чаҳорчӯби таҳқиқи пахши иттилои бардурӯғ дар сомонаи Nakanune.kz сурат гирифтааст.

Имрӯз судя Людмила Бектемирова қисман талаби ҷониби ҳимояи Юлия Козлова барои ширкати намояндагони расонаҳо дар муҳокимаи додгоҳиро қонеъ кард. Ба хабарнигорон иҷоза дода шуд, ки дар ҷараёни муҳокимаи додгоҳӣ сабти садо ва наворбардорӣ кунанд, аммо аксбардорӣ манъ шуд.

Додситон Марат Нускабоев айбномаро эълон кард. Судя навҳаи муҳокимаро ба ин тартиб муқаррар кард: бозпурсии шоҳидон, бозпурсии айбдоршаванда, омӯзиши маводҳои таҳқиқот ва бозпурсии шоҳидони ҷониби ҳимоя. Бозпурсии шоҳидон, ки ду нафаранд, имрӯз ба сабаби ҳузур надоштанашон, сурат нагирифт. Судя талаб кард, ки дар ҷаласаи ояндаи додгоҳ, ки бояд 15 феврал баргузор шавад, ҳузури шоҳидон таъмин гардад.

XS
SM
MD
LG