Ссылки доступа

Гуфтугуи Назарбоев ва Путин пас аз сафари Довудоғлу


Владимир Путин ва Нурсултон Назарбоев-раисони ҷумҳури Русияву Қазоқистон 8 феврал бо ҳам телефонӣ гуфтугӯ кардаанд.

Дафтари матбуотии раиси ҷумҳури Қазоқистон гуфт, дар ин гуфтугӯ ҷонибҳо бештар ба иҷрои тавофуқоти Минск роҷеъ ба қатъи ҷанг дар шарқи Украина ва ба сардӣ гароидани муносиботи Туркияву Русия таваҷҷуҳ кардаанд.

Путин гуфтааст, ки муносиботи миёни Маскав ва Анкара ба гуноҳи ҷониби Туркия сард шудааст, бинобар ин бояд Туркия нахуст барои беҳбудии муносибот талош кунад.

Гуфтугӯи телефонии Назарбоев ва Путин баъд аз ду рӯзи боздиди Аҳмад Довудуғлу-нахуствазири Туркия аз Остонаи Қазоқистон ва мулоқоташ бо Назарбоев анҷом гирифтааст.

24 ноябри соли гузашта Туркия як ҳавопаймои низомии Русияро дар марзи миёни Сурияву Туркия сарнагун кард. Баъд аз ин ҳодиса равобити Маскаву Анкара сард шуд. Қазоқистон бо ҳар дуи ин кишварҳо муносибот ва ҳамкориҳои наздик дорад.

XS
SM
MD
LG