Ссылки доступа

ИМА: сиёсати Русия ба "ҷанги сард"-и нав мебарад


Сардори Идораи миллии ҷосусии ИМА Ҷеймс Клэппер бар ин назар аст, ки Русия омодаи тамдиди "сиёсати хориҷии хашмгинона" аст.

Ба гуфтаи Клэппер, Русия аз амалкардҳои НАТО "бадгумон" аст. Клэппер меафзояд, талоши Москва барои рақобат кардан бо иқтидори Амрико метавонад боиси сар задани як "ҷанги сард"-и нав шавад.

Ин сухананро Клэппер дар ҷаласаи Конгресси Амрико 9 феврал баён доштааст. Вай бар ин назар аст, ки дар соли 2016 низ Русия ба корҳои Украина дахолат мекунад ва садди роҳи наздикшавии ин кишвар бо Ғарб мегардад. Ҳамчунин мақомоти Русия бо ҳадафи густариши Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё фишорро ба кишварҳои ҳамсоя бештар мекунанд.

Клэппер гуфт, ба ҷуз аз сиёсати "хашмгинонаи" Русия, ҳамчунин терроризми дохилӣ, гуруҳи тундгарои "Давлати исломӣ", барномаҳои ядроии Куриёи Шимолӣ ва ҳамлаҳои кибернетикӣ ба ИМА хатар эҷод мекунанд. "Дар таҷрибаи 50-солаи кориам то ин ҳад теъдоди зиёди хатарҳоро, ки ҳоло мо рӯ ба рӯ ҳастем, мушоҳида накарда будам", - гуфт сардори идораи ҷосусии Амрико.

XS
SM
MD
LG