Ссылки доступа

Таҷҳизоти ҳарбии Русия дар «Манас» фуруд меояд


10 феврал ҳавопаймоҳои низомии Русия таҷҳизоти ҳарбӣ ва муҳимоти ҳарбиро ба Бишкек мерасонанд.

Дар ин бора аз Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон хабар доданд.

Ироаи ин кумаки низомӣ дар чаҳорчӯби иҷрои барномаи азнавсозӣ ва таҷдиди Нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон ва тақвияти зарфияти дифоии кишвар сурат мегирад.

Пештар дар Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи кишвар хабар дода буданд, ки дар солҳои 2014-2015 Бишкек миқдоре аз таҷҳизоти ҳарбӣ, тӯп ва тир дастрас кардааст.

Ҳамчунин гузориш шуда буд, ки Русия ба Қирғизистон ба маблағи беш аз як миллиард доллар кумаки низомӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG