Ссылки доступа

Назарбоев хазинаи нафақаро зидди буҳрон равона мекунад


Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар ҷаласаи ҳукумат дар Остона дастур додааст, ки пулҳои Бунёди озоди нафақаро “ба самтҳои мушаххас” сармоягузорӣ кунанд, дар ин бора дастгоҳи президенти Қазоқистон дар Twitter хабар додааст.

Назарбоев маблағи наздики 4,02 миллиард доллареро дар назар дорад, ки дар Бунёди ягонаи ҷамъшавии нафақа (БЯҶН) захира шудааст.

Дар ибтидои сол ҳаҷми умумии маблағҳои БЯҶН наздики 16 миллиард долларро ташкил медод.

“Бо дарназардошти имкониятҳо, мо метавонем ин маблағҳоро барои тадбирҳои иловагии зиддибуҳронӣ сарф кунем”, - навиштааст хадамоти матбуот аз қавли Назарбоев.

Назарбоев бар ин назар аст, ки истифодаи бо самари маблағҳои ҷудошуда метавонанд то 1 дарсад иқтисодро рушд диҳанд.

Дар бораи ҷаласаи охири ҳукумати Қазоқистон бо иштироки Назарбоев хадамоти матбуотии президенти он кишвар чанд лаҳза қабл аз шуруи ҷаласа хабар додааст. Маъмулан телевизионҳои давлатии Қазоқистон ҷаласаҳои ҳукуматро нишон медоданд, аммо ин бор ҷаласаро ба навор нагирифтаанд.

XS
SM
MD
LG