Ссылки доступа

Дар Қирғизистон домод арӯсро оташ зад


Ин ҳодиса дар вилояти Норини Қирғизистон рух додааст. Ин ҷуфти ҷавон ним соли пеш хонадор шуда, дар тирамоҳи соли гузашта бо ҳам қаҳрӣ гаштаанд

Раҳимбеки 27-сола ба ҷои кори ҳамсари 22-солааш Нургул омада, аз ҳамкори ҳамсараш хоҳиш мекунад, ки чанд лаҳза берун барояд. Баъди он ки ҳар ду дар утоқи корӣ танҳо мемонанд, Раҳимбек аз канистрае, ки бо худ оварда буд, ба тани худашу ҳамсараш бензин мерезад ва оташ мезанад. Ҳамкорон доду фарёди Нургулро шунида, дарро мешикананд ва оташро хомӯш мекунанд.

Раҳимбек дар ҳолати вазнин дар бемористон қарор дорад. Вале Нургул, ки ба гуфтаи табибон, 80 дарсади баданаш сӯхта буд, рӯзи 8 феврал дар бемористон даргузашт.

Хешовандони зан ин ҳодисаро шарҳ намедиҳанд. Каримбек, баробари Раҳимбек мегӯяд, бародараш ҳанӯз ба ҳуш наомадааст, аз рӯи ин ҳодиса бошад парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Тибқи иттилои расмӣ, зану марди ҷавон баъди вуқуи ҳодиса ба бемористон оварда шудаанд. Дар ҳоли ҳозир Раҳимбек тибқи ин парванда гумонбар дониста мешавад.

Табибон мегӯянд, 30 дарсади пусти Раҳимбек сухтааст. Айни ҳол вазъи вай сангин баҳо дода мешавад.

Ин ҷуфти ҷавон ним соли пеш хонадор шуда, дар тирамоҳи соли гузашта бо ҳам қаҳрӣ гаштаанд. Аризаи талоқи онҳо дар баррасии судӣ қарор дорад. Хешовандони Раҳимбек мегӯянд, вай чанд маротиба талош кард, ки бо ҳамсараш оштӣ кунад.

XS
SM
MD
LG