Ссылки доступа

Русия тарҳи нави сулҳи Сурияро пешниҳод мекунад


Ба иттилои мақомоти ИМА, Русия пешниҳод кардааст, сар аз 1-уми март дар Сурия оташбас эълон шавад.

Вашингтон талаб дорад, ки амалиёти низомӣ фавран қатъ шавад. Кохи сафед бар ин аст, ки Русия ва ҳукумати Сурия мехоҳанд, дар тӯли се ҳафтаи пеш аз оташбас минтақаҳои муҳимро аз дасти шӯришиён гиранд.

ИМА ба оташбаси фаврӣ ва боз шудани роҳи кӯмакҳои башарӣ таъкид мекунад. Минтақаҳое дар ҷанубу шарқи Сурия, ки Димишқ мехоҳад назорати онҳоро бозпас гирад, таҳти назорати мухолифоне ҳастанд, ки аз сӯйи Туркия, ИМА ва кишварҳои ғарбӣ ҳимоят мешаванд.

Ба гуфтаи сафири Русия дар СММ Виталий Чуркин, Москва ва Вашингтон дар Мюнхен дар бораи оташбас дар Сурия «музокироти хеле муҳим» анҷом медиҳанд.

Ин ҳафта намояндагони ИМА, Русия ва бархе аз кишварҳои дигар дар пойтахти Бавария ба ҳамоиши ҳарсолаи амниятӣ гирдиҳам омаданд. Баррасии ҷанги Сурия мавзӯи асосии ин нишаст эълон шудааст.

XS
SM
MD
LG