Ссылки доступа

Дар Хуҷанд масҷидҳои "зиёдатӣ"-ро ба боғча ва чойхона табдил медиҳанд


Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Хуҷанд дастур додааст, ки масҷидҳои ғайриқонунӣ ва "нодуруст" ба корхонаҳои дузандагӣ, чойхона ва ё боғчаи кӯдакон табдил дода шаванд.

Ба гуфтаи раиси шаҳр, агар дар як маҳалла 2 ва ё 3 масҷид дар фосилаи аз 50 то 100 метр аз ҳам вуҷуд дошта бошанд, масҷидҳои "зиёдатиро" ба корхонаи дузандагӣ ва ё чойхона табдил диҳанд. "Агар бинои масҷид васеътар бошад, мумкин аст, онро ба боғчаи бачагон табдил дод. Ба ин тартиб мо метавонем сокинонро бо ҷои кор таъмин кунем", - гуфтааст Аҳмадзода.

Раиси шаҳри Хуҷанд ҳамчунин бархе имом-хатибонро барои надонистани аҳкоми ислом танқид кардааст. Аҳмадзода афзудааст, алайҳи 11 сокини Хуҷанд бо иттиҳоми даст доштан дар тундгароӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Хуҷанд 45 масҷид, аз ҷумла 5 масҷиди ҷомеъ кор мекунанд. Дар соли гузашта 148 масҷиди ғайриқонунии вилояти Суғд ба марказҳои фарҳангӣ, дармонгоҳ, боғчаҳои бачагон ва идораҳои ҷамоат табдил дода шуд.

XS
SM
MD
LG