Ссылки доступа

Оҳансупорӣ барои шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳатмӣ шуд


Ҳокимияти ноҳияи Мирзочули Ӯзбекистон ба мактабҳои ноҳия супориш додааст, ки бо назардошти шумори хонандагон, аз 10 то 30 тонна оҳанпора ҷамъ оранд.

Яке аз мудирони мактабҳои ин ноҳия ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ҳокими ноҳия мудирони мактабҳоро вазифадор кардааст, ки оҳанпора супоранд.

- Росташ, ҳамин кор ба ҷони мо расидааст. Аммо ҳокими ноҳия ва муовинонаш ҷамъоварии оҳанпораро вазифаи ҳатмии мактабҳо кардаанд. Ҳатто мудири маориф аз мо на сифати таълим, балки ҷамъоварии оҳанпораро мепурсад. Ҳоло мо на мактаб, балки ба анбори ҷамъоварии оҳан, зарф ва шиша табдил шудаем, - мегӯяд мудири мактаб.

Дар Ӯзбекистон соли аввал нест, ки хонандагони мактабҳои миёна ва донишҷӯёнро ба ҷамъоварии оҳанпора, шишапора ва ё обунаи маҷбурии нашрияҳои давлатӣ маҷбур мекунанд.

Масъулияти иҷрои қарори Девони вазирони Ӯзбекистон дар бораи ҷамъоварии оҳанпора комилан ба дӯши омӯзгорон, хонандагони мактаб, коллеҷ ва литсейҳо, ҳамчунин кормандони соҳаи тиб афтодааст. Вақтҳои охир дар ин кишвар ҳатто волидайни кӯдакони боғчаро низ водор кардаанд, ки ба давлат оҳанпора супоранд.

XS
SM
MD
LG