Ссылки доступа

Қарзҳои имтиёзнок барои деҳқонони Қирғизистон


Ҳукумати Қирғизистон шартҳои қарздиҳӣ ба деҳқононро содда мегардонад. Дар ин бора сарвазири он кишвар Темир Сариев дар ҷаласаи парлумонӣ хабар додааст.

Ба гуфтаи Сариев, қарздиҳии имтиёзнок барои деҳқонон идома дорад. Аз ибтидои соли ҷорӣ муҳлати баргардонидани қарзҳое, ки бо қимати 10% гирифта шудаанд, аз 2 ба 3 сол тамдид гардид. Дар баробари ин имтиёз, Бунёди рушди Қирғизистону Русия қарзҳои имтиёзноки 12%-ро пешниҳод мекунад.

“Интизор меравад, ки дар соли 2016 ҳаҷми умумии ин гуна қарзҳо 12 миллиард сом (1,2 миллиард сомонӣ)-ро ташкил хоҳад дод. Қарзҳои то 100 ҳазор сом (10 ҳазор сомонӣ) бе гарав дода мешаванд”, - гуфт Сариев.

Дар соли 2015 дар Қирғизистон тақрибан ба 10 ҳазор деҳқон қарзҳои имтиёзнок дода шудааст. Аз соли 2011 ба ин сӯ дар он кишвар ба деҳқонон дар ҳаҷми 13 миллиард сом қарзи имтиёзнок ҷудо гардидааст.

XS
SM
MD
LG