Ссылки доступа

Дар Тошканд одамфурӯшон зиндонӣ шуданд


Аъзои гуруҳи ҷинояткори Ӯзбекистон, ки дар солҳои 2013-2015 шаҳрвандони ин кишварро ғайриқонунӣ ба Қазоқистону Русия интиқол медоданд, зиндонӣ шуданд.

Муфаттишон, ки парванди 4 узви ин гуруҳро тафтиш кардаанд, ба хулоса расиданд, ки ҳар кадоми ин афрод вазифаҳои мушаххас доштаанд.

Барои мисол, Фазлиддин Ҳусанов, як узви ин гуруҳ, рӯйхати хоҳишмандони кор дар хориҷаро тартиб медодааст. Барои ин кор вай дафтаре доштааст, ки тамоми иттилоъро дар бораи муҳоҷирон гирд меовардааст. Ҳамин узв муҳосиботи гуруҳро низ бар дӯш дошта, ҳамаи дахлу харҷро ба ҳисоб мегирифтааст, хабар медиҳад сомонаи Sputnik.

Қабули шаҳрвандонеро, ки аз гӯшаҳои кишвар ба Тошканд меомадаанд, Қобил Толибов, корманди пешини қисми навбатдории раёсати корҳои дохилии Тошканд, бар дӯш доштааст.

Ин гуруҳи ҷинояткор дар давраи солҳои 2013-2015 теъдоди зиёди муҳоҷирони ғайриқонуниро ба хориҷ фиристодааст. Ҳар кадом аз миёнаравон барои хизматҳояш пули ҳангуфте ба даст оврадааст.

Ин гуруҳ бори охир дар моҳи майи соли 2015 чанд тан муҳоҷирро ба Қазоқистон фиристодааст. Маҳз дар ҳамин ҳолат мақомоти интизомӣ Толибов ва ҳаммаслаконашро боздошт карданд.

Дар рафти ҷаласаҳои додгоҳӣ ҷинояткорон айбҳояшонро комилан ба дӯш гирифта, аз кирдорашон пушаймон шудаанд.

XS
SM
MD
LG