Ссылки доступа

Дар Қирғизистон соли гузашта 905 парвандаи "фасод" боз шудааст


Дар Қирғизистон соли 2015 ниҳодҳои додситонӣ дар маҷмӯъ дар робита ба ҷиноятҳои фасодкорӣ 905 парванда боз кардаанд.

Дар ин бора раиси бахши мубориза бо фасодкорӣ ва иҷрои қонунҳои Додситонии кулли он кишвар Азамат Иброҳимов дар ҷаласаи шӯрои ин ниҳод хабар дод.

Ба гуфтаи вай, дар нисбати 857 шаҳрванд 568 парвандаи ҷиноии марбут ба фасодкорӣ дар додгоҳҳо муҳокима шудааст. Нисбати 435 нафари масъул ҳукмҳои айбдоркунанда содир гардидааст.

Иброҳимов афзуд, ки бештаре аз қонуншиканиҳо зимни бозрасии истифодаи маблағҳои буҷавӣ, ба хусус дар харидориҳои давлатӣ ошкор шудааст.

XS
SM
MD
LG