Ссылки доступа

Обама ва Путин масоили Сурияву Украинаро баррасӣ карданд


Президенти ИМА Барак Обама дар суҳбати телефонӣ бо президенти Русия Владимир Путин гуфт, Русия бояд зарбаҳои ҳавоӣ ба мавзеҳои мухолифини муътадили Сурияро қатъ кунад.

Тавре хадамоти матбуотии Кохи сафед хабар медиҳад, Обама аз нақши муҳими Москва, ки метавонист дар ҳалли низоъи мусаллаҳонаи Сурия бибозад, ёдовар шудааст.

Дар масъалаи Украина Обама гуфтааст, ҷудоихоҳони русгаро бояд шартҳои созишномаи Минскро ба иҷро расонанд. Вай гуфтааст, дар мавриди баргузории интихобот дар навоҳии шарқии Украина, ки ба талаботи САҲА ҷавобгӯ ҳастанд, бояд ҳарчӣ зудтар ба созиш расид.

Хадамоти матбуотии Кремл низ аз баргузории суҳбати телефонии раисҷумҳури ИМА ва Русия хабар медиҳад. Сомонаи Кремл менависад, ин суҳбат бо дархости ҷониби Амрико баргузор шудааст. Ҳар ду кишвар ба зарурати дастёбӣ ба ҳилли низоъ ва расонидани кумаки башардӯстона дар шарқи Украина таъкид кардаанд.

Президенти Русия ҳамчунин даъват кардааст, ки дар Сурия ҷабҳаи ягонаи зиддитеррористӣ таъсис шавад.

XS
SM
MD
LG