Ссылки доступа

Аврупо барои озодии Надежда Савченко гуруснашинӣ мекунад


Дар бархе аз кишварҳои аврупоӣ имрӯз иқдоми «Озодӣ ба Надежда Савченко – мо гуруснанишинӣ мекунем” оғоз мешавад.

Аз иқдоми вакилони порлумони Шӯрои Аврупо шабакаҳои иҷтимоӣ ва фаъолони шаҳрвандӣ пуштибонӣ карданд.

Ба ин маърака ҳар шахси хоҳишманд ва дар ҳар куҷои Аврупо метавонад бипайвандад ва барои як ё ду рӯз ва аслан ба таври маҷозӣ барои чанд соат гуруснанишинӣ кунад. Ба гуфтаи вакил аз Чехия Кристиан Зеленкова, муҳим ин аст, ки ба Надежда Савченко паём дода шавад, ки вай танҳо нест ва дар борааш фикр мекунанд. Ин иқдом, ки ҳадафаш ҷалби таваҷҷӯҳ ба сарнавишти маҳбусони сиёсии дигар низаст, то охири моҳи феврал идома меёбад.

Дар Чехия чандин нафар ба гуруснанишинии “силсилавӣ” барои пуштибонӣ аз Надежда Савченко пайваста, шумори онҳо ҳамарӯза зиёдтар мешавад.

Дар Русия низомии украинӣ Надежда Савченкоро дар ҳамдастӣ ба қатли ду корманди шабакаи давлатии радио ва телевизионии ин кишвар ва убури ғайриқонунӣ аз марзи Русия айбдор мекунанд. Вай ҳамаи айбҳоро рад карда, иддао дорад, ки ӯро ҳанӯз пеш аз ин куштор рабуда, ба Русия интиқол додаанд. Дар миёнаи моҳи декабр додгоҳ мӯҳлати боздошти ӯро то 16 апрел дароз кард. Баъд аз ин, вай ба нишони эътироз бори севум аз замони боздошташ дар тобистони соли 2014 гуруснанишинӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG