Ссылки доступа

"Дастдарозӣ" ба фонди нафақаи Қазоқистон “муввақатӣ” аст


Вазири иқтисоди Қазоқистон Ерболат Досаев мегӯяд, тасмими истифодаи 1 триллиону 450 миллиард тангаи (қариб 4 миллиард доллар) пули Бунёди бознишастагӣ "танҳо барои соли 2016 аст».

Дар ҷаласаи ҳукумат дар Остона Ерболат Досаев гуфт, ки ин «тасмими муваққатӣ» то замони тасвиби наҳваи нави сармоягузории маблағҳои фонди ягонаи нафақа амал мекунад.

Ба иттилои Досаев, 350 миллиард танга барои бартараф кардани камбуди буҷаи ҷумҳурӣ дар соли 2016 равона мешавад ва ба 500 миллиард танга асъор барои сармоягузорӣ ба ширкатҳои бузурги миллӣ истифода хоҳад шуд.

Пештар дар ҷаласаи васеи ҳукуматӣ дар Остона раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар бораи зарурати сармоягузории маблағҳои озоди ҷамъшудаи бознишастагӣ ба «бархе аз самтҳо» изҳори назар кард.

То оғози соли ҷорӣ маблағи умумии хазинаи ягонаи нафақаи Қазоқистон, ба иттилои ин ниҳод, ба панҷ триллону 828 миллиард танга (қариб 16 миллиард доллар) расида буд.

XS
SM
MD
LG