Ссылки доступа

Ӯзбекистон адибони "номақбул"-ро аз созмонаш ронд


26 нависандаву шоири Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон аз ҳайати иттифоқ хориҷ шуданд. Онҳо "дастовардҳои бузурги даврони истиқлолияти кишварро таранум накардаанд".

Дар хулосаи шӯрои таҳлилии Иттифоқи нависандагон омадааст, ки ҳайати дурустии иттиҳод дар асоси паёми президент Ислом Каримов "Таваҷҷуҳ ба адабиёт - таваҷҷуҳ ба маънавият ва оянда" интихоб шудааст.

Миёни эҷодкороне, ки аз Иттифоқ хориҷ шуданд, шоири халқии Ӯзбекистон Хуршед Даврон, нависанда Саломат Вафо, шоирон Нортухта Қилич, Ҳамроқул Аскар ва Сулаймон Раҳмон ҳастанд. Дар рӯйхати "хориҷшудаҳо" ҳамчунин намояндагони машҳури адабиёти ӯзбек Маҳмадалӣ Маҳмудов (Эврил Турон) ва Муҳаммад Солеҳ, мухолифе, ки дар хориҷ ба сар мебарад, шомил ҳастанд.

Ҳамчунин аз сафи иттиҳод Ботур Норбой, Ёдгор Обид ва Юсуф Ҷумъа, ки барои дидгоҳҳои мухолифашон ба ҳукумат маҷбур шудаанд ба хориҷ бираванд, хориҷ гардиданд. Хориҷшудагон мегӯянд, беҳтар аст, то дар сафи чунин иттифоқе, ки идеологияи режимро месарояд, набошанд.

- Муҳити эҷодиро нависандагон ва шоирони воқеӣ ба вуҷуд меоранд. Дар даврони мо дар иттифоқ зиндагӣ меҷӯшид, ҳоло ҳамааш сард шудааст. Нависандагоне, ки воқеиятро менависанд, ҳамеша дар сахтӣ ба сар мебаранд. Аз ҳамин рӯ ман аз хориҷ шуданам хушҳолам, - гуфтааст нависанда Маҳмадалӣ Маҳмудов.

XS
SM
MD
LG