Ссылки доступа

Украина ҳаракати транзитии мошинҳои русиро манъ кард


Украина дар посух ба таҳрими Русия ҳаракати транзитии мошинҳои боркаши русиро аз қаламрави худ манъ кард.

Дар ин бора сомонаи расмии ҳукумати Украина хабар медиҳад.

Дар баёнияи Девони вазирони Украина омадааст, ки Русия қоидаҳои Созмони ҷаҳонии тиҷорат ва қарордодҳои байниҳукуматиро вайрон карда, ҳаракати мошинҳои боркаши украиниро дар қаламрави худро иҷозат намедиҳад. Иқдоми ҷавобии ҷониби Украина то замони “пайдо кардани шарҳи ҷониби Русия ва ҳалли ин масъала” боэътибор хоҳад буд.

Нахуствазири Украина Арсений Ятсенюк гуфт, Украина бо кишварҳои Иттифоқи Аврупо дар мавриди иҷрои муқаррароти бунёдии Созмони ҷаҳонии тиҷорат машварат мекунад.

Пештар вазорати нақлиёти Русия ҳаракати мошинҳои боркаши украиниро дар роҳҳои мошингарди худ манъ кард. Дар ин ниҳоди ҳукуматӣ чунин иқдомро посух ба амалҳои ҷунбиши украинии “Автомайдан” унвон карданд, ки сар аз 11 феврал монеи ҳаракати мошинҳои боркаши русӣ тариқи роҳҳои мошингарди Украина мешавад.

XS
SM
MD
LG