Ссылки доступа

СММ: 50 сокини осоишта дар зарбаҳои ҳавоии Сурия кушта шуд


Ба иттилои СММ, қариб 50 сокини осоишта дар дар минтақаҳои шимолии Сурия, ки таҳти назорати ошӯбгарон қарор доранд, дар зарбаҳои ҳавоӣ кушта шуданд.

Дар баёнияи Дабири кулли СММ Пан Ги Мун гуфта шудааст, ки дар ин зарбаҳо дастикам 5 бемористон ва 2 мактаб вайрон шудааст. Яке аз ин бемористонҳо бо ҳимояти созмони байналмилалии “Духутрони бидуни марз” фаъолият мекардааст. Пан Ги Мун ин зарбаҳои ҳавоиро “вайронкории дурушти қонунҳои байналмиллалӣ” номид.

Зарбаҳои ҳавоиро ҳамчунин Иттифоқи Аврупо ва ИМА маҳкум карданд. Дар баёнияи намояндаи Департаменти давлатии ИМА зикр шудааст, ки зарбаҳои ҳавоӣ иҷрои вазифаҳои Русия ва режими Башор Асадро барои риояи муқаррароти оташбас, ки дар рӯзҳои наздиктарин бояд мавриди иҷро қарор гиранд, зери шубҳа мебарад.

Ин нуқта, ки режими президенти Сурия Башор Асад ва шариконаш ҳамлаҳоро идома медиҳанд, гувоҳӣ он аст, ки зарбаҳо бе сабабҳои кофӣ зада мешаванду муқаррароти байналмилалии ҳифзи зиндагии бегуноҳонро вайрон мекунанд. Ин зарбаҳо бар хилофи даъватҳои ҳамагон барои пешгирӣ аз ҳамлаҳо ба сокинони осоишта буда, омодагии Русия барои пешгирӣ аз ваҳшонияти режими Асад зидди халқи худро нишон медиҳанд, таъкид шудааст дар баёнияи Департаменти давлатии ИМА.

Намояндагони мухолифони Сурия муътақиданд, ки зарбаҳоро ё ҳавопаймоҳи русӣ ё нерӯҳои ҳукуматӣ анҷом додаанд. Сафири Сурия дар Москва Риёз Ҳаддод масъулияти зарбаҳои ҳавоиро ба нерӯҳои ҳавоии ИМА ё шариконаш вогузор кард.

Дар ҳамин ҳол намояндаи махсуси СММ дар умури Сурия Стаффан де Мистура барои баррасии омодагиҳо ба баргузории марҳилаи нави музокироти ғайримустақим миёни мақомот ва мухолифони Сурия ба Димишқ омад. Ин музокирот бояд 25 феврал дар Женева баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG