Ссылки доступа

Тоҷикистон ба раъйпурсӣ омода мешавад


Барои баргузории раъйпурсии тағйирот ва иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвар 68 ҳавзаи интихоботӣ ташкил мешавад.

Ҳоло аз ҳисоби вакилони парлумон гуруҳҳои корӣ таъсис шудааст, ки ба минтақаҳо сафар карда, муҳимияти ин тағйиру иловаҳоро ба мардум мефаҳмонанд.

Вакилони Маҷлиси намояндагон 22 майро рӯзи баргузории раъйпурсӣ таъйин кардаанд.

Тавре раиси парлумон Шукурҷон Зуҳуров гуфт, дар варақаҳои раъйпурсӣ ҳамагӣ як савол: "Оё шумо тағйиру иловаҳо ба Конститутсияро қабул доред?" хоҳад буд.

Тарҳи иловаҳо ба Қонуни асосӣ, ки аз ҷониби намояндагони ҳар ду палатаи парлумон таҳия шудааст, аз 41 банд иборат аст. Аз ҷумла пешниҳод шудааст, ки ба моддаи 65 ба ин мазмун тағйирот ворид шавад: "Маҳдудияти қисми чаҳоруми моддаи мазкур ба асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат дахл надорад. Мақоми ҳуқуқӣ ва уҳдадориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатро қонуни конститутсионӣ муқаррар мекунад".

Президенти кунунии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992 ин ҷониб дар сари қудрат аст, бино бар меъёрҳои Конститутсияи феълии кишвар ҳақ надорад, ки номзадиашро дар интихоботи соли 2020 пешбарӣ кунад. Вале агар ин тағйирот ба Қонуни асосӣ қабул шавад, вай ҳақ дорад, ки бе маҳдудият номзадиашро пешбарӣ намояд.

XS
SM
MD
LG