Ссылки доступа

Туркия хостори амалиёти байналмилалии заминӣ дар Сурия аст


Туркия даъват дорад, ки дар Сурия бо ширкати ҳампаймонҳои байнулмиллияш амалиёти муштараки заминӣ оғоз шавад.

Як мақоми баландпояи турк дар ин бора ба рӯзноманигорон хабар додааст. Ба гуфтаи вай, Туркия дар Сурия ба танҳоӣ амалиёти низомии заминӣ оғоз намекунад.

"Аммо бе амалиёти заминӣ пеши роҳи ҷанги Сурияро гирифтан имкон надорад", - гуфтааст ин мақомдор.

Туркия бар ин назар аст, ки барканории президенти Сурия Башор Асад аз қудрат шарти асосии қатъи ҷанги панҷсола дар ин кишвар аст, ки аллакай 260 ҳазор одамро қурбон кардааст.

Эрон ва Русия аз Асад пуштибонӣ мекунанд ва барканории ӯро қабул надоранд. Эрон рӯзи сешанбе эълон кард, ҳар гуна амалиёти ҷангие, ки дар Сурия бе иҷозати Димишқ оғоз мешавад, зидди ҳуқуқи байналмилалист. Пештар аз ин Арабистони Саудӣ гуфта буд, омодааст нерӯҳои вижаашро барои иштирок дар амалиёти низомии заминӣ алайҳи "Давлати исломӣ" ба Сурия фиристад.

Вақтҳои охир ҷанги ҳавоие, ки Русия барои пуштибонии президенти Сурия Башор Асад доман задааст, ташаннуҷро дар минтақа афзудааст. Анкара амалиёти Москваро "номардона, бераҳмона ва ваҳшиёна" меномад, намояндаи Шӯрои аврупоӣ Доналд Туск низ гуфт, амалиёти Москва "умедеро барои ҳалли низоъ" боқӣ намегузорад.

XS
SM
MD
LG