Ссылки доступа

Обама: Русия дар Сурия иштибоҳ мекунад


Президенти ИМА Барак Обама гуфт, ки Русия бо ҳимояташ аз режими Башор Асад дар Сурия иштибоҳи стратегӣ мекунад.

Раиси ҷумҳури Амрико Барак Обама мегӯяд, ки вай дар Сурия бо Владимир Путин рақобат намекунад ва Русия дар Сурия пой ба «ботлоқ» гузоштааст.

«Саволи ҳақиқие, ки ҳоло мо бояд ба худ диҳем ин аст, ки Русия бо шарик гирифтани кишваре, ки комилан хароб шудааст ва барои пуштибонии он бояд беохир миллиардҳо доллар сарф кард, чӣ ба даст меорад?» - гуфт Обама.

Вай ҳушдор дод, ки талоши ғасби доимии Сурия барои Русия хеле гарон меафтад. «Аз чаҳор се ҳиссаи кишвар ҳанӯз ҳам таҳти назорати Асад нест ва ин вазъ дар ояндаи наздик тағйир намеёбад», - афзуд Барак Обама.

Раиси ҷумҳури ИМА бори дигар мушкили дастрасӣ ба оташбаси Сурияро ба андозаи зиёд гуноҳи Кремл донист. Агар Русия бомбаборони Сурияро ба гунаи пештара идома диҳад, мухолифони суриягӣ ҳаргиз ба оташбас розӣ нахоҳанд шуд, ҳушдор дод Обама.

XS
SM
MD
LG