Ссылки доступа

Дар зиндонҳои Қирғизистон доштани ришу бурут манъ шуд


Идораи иҷрои ҷазои Қирғизистон хабар дод, ки гузоштани ришу бурут дар зиндонҳо манъ шуд.

Аз ин пас агар маҳбусон дар зиндонҳои Қирғизистон риш монанд, зиндонбонҳо ин ришро маҷбуран хоҳанд тарошид, ки ба эътиқоди ҳомиёни ҳуқуқ, мухолифи ҳуқуқи инсон аст.

Як созмони маҳаллии ҳимояти ҳуқуқи инсон нахустин шуда, аз риштарошии маҷбурии зиндониён хабар дод. Чунин ҳодиса дар боздоштгоҳи №50 рух додааст, ки аз он ҷо тирамоҳи соли гузашта гурӯҳе аз зиндониён фирор карда буданд. Дертар таҷрибаи риштарошии маҷбурӣ дар зиндонҳо ва боздоштгоҳҳои дигар такрор шуданд. Идораи иҷрои ҷазо (ИИҶ) аз як сӯ хабарҳои поймол шудани ҳуқуқи боздоштшудагонро рад карда, аз сӯи дигар сахттар шудани қоидаҳои нигаҳдории зиндониёнро тасдиқ мекунад.

«Пештар мо наметавонистем шароити зарурии нигаҳдориро таъмин карда, ба онҳо ҳатто либоси маҳбусӣ диҳем. Ҳоло идора сармоягузории изофӣ гирифт ва ба ин сабаб мо ба зиндониҳо либоси махсус медиҳему ришу бурути онҳоро метарошем ва ба биноҳои махсус мегузаронем. Ин кор ҳаргиз ҳуқуқҳои онҳоро вайрон намекунад ва мо танҳо талаботи қонунгузорӣ ва қоидаҳои нигаҳдории зиндониёнро риоя мекунем», - гуфт сухангӯи идора Элеонора Сабатарова.

Зиндонҳои Қирғизистон зуд-зуд ба унвони маҳалли паҳншавии ақидаҳои ифротии динӣ зикр мешаванд. Ба эътиқоди бархе аз коршиносон, маҳз дар зиндонҳо маъмулан ба ҳам омадани ифротиҳо бо намояндагони олами ҷиноӣ мушоҳида мешавад. ИИҶ ва Идораи мусалмонони Қирғизистон аз талошҳои муштарак барои пешгирии ифротӣ шудани зиндониён хабар додаанд. Аз ҷумла, муфтиёт масҷидҳо ва намозхонаҳои зиндонҳоро таҳти назорат гирифта, рӯзҳои намози ҷумъа ба он ҷо имомҳоро мефиристад.

XS
SM
MD
LG