Ссылки доступа

Боз як вазифаи дигари писари президент


Писари президенти Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва президенти федератсияи футболи Тоҷикистон узви Шӯрои олимпии Осиё интихоб шуд.

Дар ин бора аз номи раиси Шӯрои олимпии Осиё - Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ ба унвони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон номаи расмӣ омадааст.

Дар ин нома гуфта мешавад, ки аъзои нави 15 кумитаи Шӯрои олимпии Осиё барои солҳои 2015-2019 тасдиқ шуданд ва дар баробари Рустами Эмомалӣ Тоҷикстонро боз ду нафари дигар намояндагӣ мекунанд. Инҳо дабири кулли кумита Баҳрулло Раҷабалиев ва мудири кулли кумитаи миллии олимпӣ Муҳаммадшо Абдуллоев ҳастанд.

Ёдрас мешавем, ки вакилони конфронси ҳисоботӣ ва интихоботии Федератсияи футболи Тоҷикистон миёнаи моҳи январ Рустами Эмомалиро дубора президенти ФФТ интихоб карданд. Вай аз чаҳор сол ин ҷониб ин федератсияро роҳбарӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG