Ссылки доступа

“Шабакаи аввал” ночор қаҳрамони қирғизро нишон дод


“Шабакаи аввал”-и Русия мӯҳтавои барномаи худ дар бораи наҷоти духтарак дар метрои Москваро дар пайи вокуниши корбарони шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” тағйир дод.

Дар ниҳоят дар он аз кумаки шаҳрванди Қирғизистон, ки ба маъмури пулис кумак расонидааст, ёдоварӣ шуд.

Дар шакли аввалияи ин барнома наҷотдиҳандаи зани болои роҳи оҳани метро афтида маъмури пулис Артём Королюк номида шуд. Ҳарчанд шахсияти ба маъмури пулис кумаккардаи шаҳрванди Қирғизистон Марат Исаев дур аз таваҷҷӯҳи хабарнигор монда буд.

“Аҷабо, наҷотдиҳандагон ду нафар буданд, аммо танҳо як нафарро қадрдонӣ мекунанд...”, - навиштааст дар шарҳи матлаби “Шабакаи аввал” корбар Алексей Клоков.

“Барои чӣ дар бораи ҷавони дувуми қирғиз чизе намегӯед? Аз миёни тӯдаи мардҳо танҳо вай зиндагии худро зери хатар монда, барои кумак шитобид”, - таъкид кардааст Лариса Никифорова ва шореҳони дигар...

Дар нтиҷа, баъд аз чанд соат хабарнигорон шакли дигари гузоришро бо ёдоварӣ аз Марат Исаеви қирғиз нишон доданд.

Дар ҳамин ҳол вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қирғизистон ба ҳамтоёни руси худ дархости расмӣ ирсол карда, хостори қадрдонии Марат Исаев бо ҷоизаи вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия барои ҷасорат ҳангоми наҷоти зан дар метрои Москва шуд.

XS
SM
MD
LG