Ссылки доступа

“Русия ва ман” – дарси онҳое, ки Русияро мешиносанд (видео)


12 раиси ҷумҳури собиқи кишварҳои пасошӯравӣ бар инанд, ки Русия дар давраи раҳбарии Владимир Путин бештар рафтори Иттиҳоди Шӯравиро такрор мекунад.

Дар силсиламусоҳибаҳои “Русия ва ман” дар тарҳи нави RFE/RL, ки 18 феврал нашр шуд, дувоздаҳ раҳбари собиқи кишварҳои пасошӯравӣ назари худро дар муносибат ба Русия ва сиёсати ин кишвар изҳор медоранд. Ин мусоҳибаҳоро дар тӯли ним сол хабарнигори бахши белорусии Радиои Озодӣ Анна Соус ҷамъоварӣ кардааст. Дар онҳо эҳсосоти мухталиф дар нисбати Москва – аз хашму дурбинии воқеӣ то муҳаббати самимиву вобастагӣ инъикос шудааст. Ин миқдор назароти коршиносона дар бораи Русия дар солҳои раёсати ҷумҳурии Владимир Путинро аҳёнан имконпазир аст. Ин назарҳо бештар собит мекунанд, ки амалҳои ин кишвар бештар шабеҳи Иттиҳоди Шӯравӣ шудааст.

“Фалсафаи Русия ин аст, ки Украина бояд танҳо бо Русия бошад, дақиқтараш зери Русия бошад. Украинаи мустақил барои онҳо вуҷуд надорад”, - мегӯяд нахустин президенти Украина (аз соли 1991 то соли 1994) Леонид Кравчук. Вай ёдовар шуд, ки Москва дар он солҳо ба ӯ фишор меовард, ки Украина баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар меҳвари сиёсати Русия боқӣ монад. Ин дар ҳолест, ки дар сухан ҳамаи кишварҳои пасошӯравӣ метавонистанд, гӯё ояндаи худро мустақилона муайян кунанд.

Бештаре аз раҳбарони собиқи кишварҳои пасошӯравӣ бо дард дар бораи шикасти интизориҳояшон сухан мекунанд. Пас аз омадани Путин ба сари қудрат ҳеҷ яке аз онҳо дигар интизор набуд, ки Русия низ замоне кишвари озоду демократӣ мешавад. Ин интизорӣ дар замони бозсозии Горбачёв пайдо шуда, дар солҳои раёсати ҷумҳурии Борис Елтсин боқӣ монда буд.

Дар ин тарҳ бо раҳбари кишварҳои пасошӯравӣ Аскар Оқоев, Витаутас Ландсбергис, Нино Бурҷанадзе, Роберт Кочарян, Петр Лучинский, Станислав Шушкевич, Виктор Юшенко ва дигарон мусоҳиба анҷом дода шудааст.

(Ин тарҳро дар ин ҷо дидан мумкин аст: Русия ва ман. Дар сояи Кремл)

XS
SM
MD
LG