Ссылки доступа

Қодиров ба ҷавонон "шиносномаҳои маънавию ахлоқӣ " медиҳад


Роҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров дастур дод, ки ба ҷавонон "шиносномаҳои маънавиву ахлоқӣ " бидиҳанд.

"Дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҳар кадом ҷавони аз 14 то 35-сола бояд марҳалаи шиносномагирии маънавиву ахлоқиро бигзарад ва соҳиби ҳуҷҷате шавад, ки он ҷо вижагии ҷавон, миллат, тип ва ҷинсияташ дарҷ мегардад. Дар ин ҳуҷҷат ҳамчунин афроди масъули ин шахс зикр мешавад", - менависад сомонаи "Юг" аз қавли хадамоти матбуотии парлумони Чеченистон.

Вакили парлумони Чеченистон Одам Маликов ба хонандагони яке аз мактабҳо намунаи ин ҳуҷҷатро нишон дод ва гуфт, ин навовариро намояндагони руҳонияти кишвар тасдиқ кардаанд ва аллакай ин ҳуҷҷат эътибори қонунӣ пайдо кардааст.

"Имрӯз ҷавонон дар гирдоби таблиғоти ифротгароён меуфтанд. Аз ҳамин хотир, мо бо истифода аз фурсат бояд садди роҳи бурузи терроризму экстремизм шавем", - гуфтааст вакили парлумон.

XS
SM
MD
LG