Ссылки доступа

Акси гурезаҳо “Акси сол” дониста шуд


Уоррен Ричардсони австралиягӣ ғолиби озмуни обрӯманд дар миёни хабарнигорони аккоси World Press Photo 2016 дар бахши “Акси сол” шуд.

Вай ба чунин ҷоиза барои акси гурезагоне ғолиб дониста шуд, ки кӯдакро аз болои симхори марзи миёни Маҷористону Сербистон интиқол медиҳанд.

Дар соли ҷорӣ ҳамчунин ду аккоси Русия низ соҳиби ҷоизаҳои World Press Photo шуданд. Дар бахши “Варзиш” Владимир Песня барои силсилаи аксҳои “Хоккей дар Ветлуга” соҳиби ҷоиза шуд. Боз як шаҳрванди Русия Сергей Пономарёв соҳиби ҷоиза дар бахши “Хабар” барои гузориши аксӣ дар бораи гурезаҳои ба Аврупо воридшаванда шуд. Зикр мешавад, ки Пономарёв соли дувум пайи ҳам барандаи ҷоизаи World Press Photo мешавад. Соли гузашта вай барои силсилаи аксҳо аз навори Ғазза соҳиби ҷоиза шуда буд.

XS
SM
MD
LG