Ссылки доступа

Дар Душанбе тоҷир “Зафар Бедняк” кушта шуд


Шаби гузашта дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, дар наздикии “Наврӯзгоҳ” тоҷири шинохтаи Зафар Азимов бо лақаби “Зафар Бедняк” кушта шуд.

Манбаъ дар вазорати корҳои дохилӣ хабар дод, ки шаби гузашта миёни ҷонибдорони ду соҳибкор – “Зафар Бедняк”ва Эмом Мақсудов, ки бештар бо номи “Эмом Хубак” маъруф аст, даргирӣ рух медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, ҷасади “Зафар Бедняк”, ки молики тиҷорати бузург дар Душанбе буд, имрӯз ба ватанаш ноҳияи Ҳамадонӣ интиқол дода шудааст.

Дар ҳамин ҳол сухангӯйи ВКД Тоҷикистон Ҷаололиддин Садриддин хабар дод, ки таҳқиқи ин ҷиноят шурӯъ шуда, чанд гумонбар боздошт шудаанд.

XS
SM
MD
LG