Ссылки доступа

Пешниҳоди дарёфти осони шаҳрвандии Қирғизистон ба тоҷикон


Сокинони манотиқи ҳаммарз бо Қирғизистон мегӯянд, ки кишвари ҳамсоя ба онҳо роҳи осони дарёфти шаҳрвандии Қирғизистонро пешниҳод дорад.

Пешниҳоди шаҳрвандии давлати ҳамсоя дар ҳолест, ки баҳсҳои марзӣ сари заминҳои баҳсӣ идома дорад.

Абдухолиқ Абдуллоев, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки шаҳрвандии Қирғизистонро дарёфт кардааст, мегӯяд, танҳо баъди ин тавонист, ба қиъаи замини корамаш дар ҳудуди баҳснок дастрасӣ ёбад.

Аммо Абдухалил Шарифов, муовини раиси ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара гуфт, сокинони ҷамоати онҳо ба чунин даъватҳои ҷониби Қирғизистон ҷавоби рад додаанд.

Як мақоми маҳалии ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон дар сӯҳбати телефонӣ ва бидуни муаррифиии худ ба "Озодӣ" гуфт, ки шарти гирифтани шаҳрвандӣ барои онҳоест, ки мехоҳанд, заминҳои ин кишварро доимӣ истифода кунанд.

“Тоҷикон ҳавасманданд, ки дар заминҳои мо кор кунанд. Аз ин рӯ, мо мехоҳем, ки онҳо қонунӣ кор кунанд, на ин ки сарҳадро ғайриқонунӣ убур намуда, ба қаламравҳои мо ворид шаванд”, - гуфтааст ин мақомдори вилояти Бодканди Қирғизистон.

Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки аз 970 километр тӯли умумиаш то имрӯз танҳо ҳудуди 519 километараш аломатгузорӣ шудааст, сари ҳар чанд вақт моҷароҳое барои дастрасӣ ба обу замин ва чарогоҳҳо бармехезад. Дар солҳои гузашта дар чанде аз ин ихтилофҳо шаҳрвандони ду кишвар кушта ва захмӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG