Ссылки доступа

Пешниҳоди кумаки Қодиров ба футболбоз Тарасов


Сарвари Чеченистон Рамазон Қодиров ба футболбозе, ки барои таҳпӯш бо акси президенти Русия Владимир Путин муҷозот шуд, пешниҳод кардааст, то дар ҳайати тими футболи Чеченистон бозӣ кунад.

Қодиров дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм навишт, ки "Терек" - тими футболи Чеченистон - омодааст футболбоз Дмитрий Тарасовро бихарад. Қодиров президенти фахрии "Терек" аст.

Анҷумани иттиҳодияҳои футболи Аврупо гуфт, Тарасов меъёрҳоро вайрон кардааст. Тибқи меъёрҳои банайлхалқӣ, футболбозон ҳақ надоранд либоси дорои шиорҳои сиёӣ бипӯшанд. Ин коре буд, ки Дмитрий Тарасов дар бозии байни мунтахабҳои Туркия ва Русия дар Истамбул рӯзи 16 феврал анҷом дод.

Қодиров ҳамчунин гуфтааст, ки агар Тарасов ба "Терек" омаданро нахоҳад, пас тими Чеченистон омодааст ҷаримаи ӯро дар ҳаҷми 300 ҳазор евро бипардозад.

XS
SM
MD
LG