Ссылки доступа

Як пояи дигари хатти барқи Тоҷикистон дар Бағлон тахриб шуд


Мақомоти вилояти Бағлон дар шимоли Афғонистон мегӯянд, шаби 20 ба 21 феврал як пояи дигари барқи воридотӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистонро толибон тахриб кардаанд.

Ин ҳодисаи дувуми тахриби хаттест, ки пойтахти Афғонистонро бо нерӯи барқ таъмин мекунад.

Роҳбари раёсати барқи вилояти Бағлон Ғуломҳусайн Ҳайдар ин иттилоъ тасдиқ кард. Аммо ин масъул мегӯяд, пояи хати барқ зарари зиёд надидааст ва интиқоли барқ тавассути он қатъ нашудааст.

Дар ҳамин ҳол таъмири пояи хатти барқе, ки аз Ӯзбекистон ба Кобул барқ интиқол медиҳад, идома дорад.

Сухангӯи ширкати "Брешно" Воҳидулло Тавҳидӣ мегӯяд, мушкили таъмини пойтахти Афғонистон бо барқ қисман ҳал шудааст, зеро аз Тоҷикистон дар ҳаҷми 100 мегаватт барқ ворид мешавад. Ба гуфтаи вай, ахиран мақомоти Афғонистон зимни як мактуби расмӣ аз Тоҷикистон хостааст ҳаҷми барқи интиқолиро ба ин кишвар то 150-180 мегаватт зиёд кунад.

Дархости ҷониби Афғонистон аз Тоҷикистон барои бештар кардани интиқоли барқ дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон буҳрони барқ идома дорад. Ҳамасола дар рустоҳои Тоҷикистон аз 1 октябр то ибтидои баҳор барқ бо маҳдудият дода мешавад.

XS
SM
MD
LG