Ссылки доступа

Дар Сурия 119 нафар қурбони амалҳои террористӣ шуданд


Дар Сурия рӯзи якшанбе дар силсилаи амалҳои террористӣ дастикам 119 нафар кушта шуд.

Масъулияти ин ҳамлаҳоро гурӯҳи ифротии “Давлати исломӣ” ба зимма гирифт.

Дар натиҷаи таркиши ду мошини сабукрав дар маркази шаҳри Ҳумс, ки дар он ҷо асосан алавиҳо зиндагӣ мекунанд, 57 кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шуданд. Дар наздикии Димишқ, дар назди масҷиди шиамазҳабон Сайид Зайнаб низ чанд таркиш рух дода, дар натиҷаи онҳо 62 нафар кушта шуданд.

Масъулияти таркиш дар қисмати ҷанубии шаҳри Димишқро низ гурӯҳи ифротии “Давлати исломӣ” ба зимма гирифт. Баъд аз таркиши мошин ду ҷангии маргталаб миёни мардуми тамошобин даромада, камарбанди таркандаи худро фаъол сохтанд.

Масҷиди Сайид Зайнабро, ки дар ин минтақа воқеъ аст, шиамазҳабон ҳамчун муқаддасот медонанд. Дар ин масҷид Зайнаб, набераи пайёмбар Муҳаммад ва духтари имом Алӣ дафн шудааст. Ҳамасола садҳо ҳазор зойир аз Ироқ, Эрон ва Лубнон ба ин минтақа сафар мекунанд.

Масҷид ва меҳмонсарои воқеъ дар канори он муҳофизат мешавад. Зеро дар канори ин масҷид бошгоҳи ҷангиёни гурӯҳи шиамазҳабони “Ҳизбуллоҳ” воқеъ аст, ки дар ин кишвар ба тарафдорӣ аз нерӯҳои содиқ ба президенти Сурия Башор Асад меҷанганд.

XS
SM
MD
LG