Ссылки доступа

17 соли зиндон барои пайвастон бо толибон


Додгоҳии низомии Тоҷикистон марзбони тоҷикеро, ки ба Афғонистон фирор карда буд, 17 сол зиндонӣ кард.

Аскари марзбон Фатҳулло Файзуллозода ҳангоми хизмат дар ноҳияи наздимарзии Ҳамадонӣ марзро убур карда, мехост шомили ҳаракати "Толибон" шавад.

Додситони низомии гарнизони шаҳри Кӯлоб мегӯяд, баррасии ин парванда пушти дарҳои баста сурат гирифта, айби аскари муттаҳам пурра исбот шудааст.

Ин сокини маҳаллаи Мулдони шаҳри Исфара, ки дар қисми низомии 2133-и нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон хидмат мекард, баъди убури марз аз сӯи пулиси Афғонистон боздошт шуд. Вай баъдан ба мақомоти интизомии Тоҷикистон таслим гардид.

Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, ин аскар бо машварати бародараш, ки феълан дар Афғонистон аст, ба он кишвар фирор кардааст. Фатҳулло Файзуллозода, иқрор шудааст, ки то фирораш ба Афғонистон узви созмони тундрави “Ансоруллоҳ” будааст. Файзуллозода ба пулиси афғон гуфтааст, ки дар ватанаш ӯро намозгузорӣ ва китоби динӣ хондан намемонанд ва барои ҳамин мехостааст, ба назди Толибон равад.

XS
SM
MD
LG