23 феврал котиби давлатии ИМА зимни суханронӣ дар конгресс гуфт, дар фурсатҳои наздиктарин ҳадафи аслии Русия аз қатъи низои панҷсолаи Сурия рӯшан хоҳад шуд.
Ин ҳарфҳои Ҷон Керрӣ дар ҳоле баён мешаванд, ки ИМА ва Русия дар мавриди оташбаси Сурия шуруъ аз 27 феврал ба созиш расиданд.
Дар ҳамин ҳол, ҷанг дар Сурия идома дорад. Дидбони ҳуқуқи инсони Сурия дар Бритониё хабар медиҳад, ки ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ" шаҳри Ҳанасерро ғасб карда, роҳи таъмини минтақаҳои зери назорати давлатро дар шимоли Ҳалаб буридаанд.