Ссылки доступа

“Платон"-и Тоҷикистон филми тасвирӣ офарид


Ширкати "Innovative Road Solutions" (IRS), соҳиби танҳо роҳи пулакӣ дар Тоҷикистон филми тасвириеро офарид, ки ба мардуми кишвар аҳамияти роҳи пулакиро шарҳ медиҳад.

Қаҳрамонони ин филм писарак ва бобояш ҳастанд. Бобо паси фармони мошин нишаста, ба саволҳои наберааш дар бораи вазъи роҳҳои Тоҷикистон посух медиҳад. Ин филми тасвирӣ сифати роҳҳои бепул ва пулакиро муқоиса мекунад.

Дар посух ба ин савол, ки “барои чӣ мо барои роҳ пул медиҳем?”, бобо бо садои хирадмандона мегӯяд: “Дар тамоми ҷаҳон чунин пардохтҳо ҳастанд. Ин пул барои таъмири роҳ сарф мешавад. Ин мардум ба таври шабонарӯзӣ заҳмат мекашанд ва ба ин хотир роҳҳои мо ҷавобгӯи талаботи байналмилалӣ аст”.

Ин филми тасвириро бо супориши ширкати Innovative Road Solutions (IRS) офаридаанд, ки дар ҷазираҳои Вирҷинмя сабти ном шуда, шабеҳи ширкати "Платон"-и Русия шумурда мешавад. Ба иттилои Deutsche Welle, соҳиби ин ширкат Ҷамолиддин Нуралиев, шавҳари Озода Раҳмон – яке аз ҳафт духтари раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст.

IRS танҳо роҳи пулакии Душанбе-Чаноқ, ки пойтахти кишварро бо минтақаи шимоли Тоҷикистон мепайвандад, таҳти назорат гирифтааст. Ин роҳ дар ниҳоят ба самти Ӯзбекистон меравад.

XS
SM
MD
LG