Ба иттилои КМИ, ба ҳисоби миёна барои як курсии вакилии маҷлиси маслиҳат се нафар бо ҳам сабқат хоҳанд кард.
КМИ хабар додааст, ки аз номзадҳои сабтшуда 1 592 нафар ба маҷлисҳои маслиҳатии вилоятӣ, 121 нафар ба маслиҳат ё шӯрои Остона, 130 нафар ба маслиҳати шаҳри Алмаато барои интихоб шудан талош мекунанд. 6 862 номзад барои интихоб шудан ба курсии вакилӣ дар маслиҳатҳои ноҳиявӣ ва 2 120 нафар ба унвони номзади маслиҳатҳои шаҳрӣ номзад шудаанд.
Бино бар омори КМИ, 3 407 номзади сабтшударо ҳизбҳои сиёсӣ, 17 нафарро иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ пешбарӣ карда, 7 401 худ номзадиашонро пешниҳод кардаанд
Аз имрӯз ҳамаи номзадҳои сабтшуда ба маҷлисҳои маслиҳатӣ ба маъракаи таблиғотӣ шурӯъ мекунанд.