Ссылки доступа

Дар Вилнюс мехоҳанд кӯча ё гулгаштеро ба номи Немтсов гузоранд


Шӯрои шаҳрии Вилнюс якдилона тасмим гирифт, ки хотираи сиёсатмадори мухолифи Русия Борис Немтсовро гиромӣ дошта, кӯча ё гулгаштеро дар пойтахти Литва ба номи ӯ гузорад.

Дар қарори тасвибшуда зикр мешавад, бо гиромидошти хотираи нафаре, ки дар Русияи демократӣ барои зиндагии беҳтар талош мекард, мақомоти Вилнюс “ҷонибдорӣ худ аз ҷаҳони озод, боз ва демократӣ”-ро нишон медиҳад.

Мақомоти Киев ва Варшава низ мехоҳанд, хотираи Немтсовро гиромӣ доранд.

Мақомоти Москва ба дархости мухолифон барои гузоштани лавҳаи ёдбуд дар ҷойи қатли Борис Немтсов дар пули Бузурги Москва дар наздикии Кремлро рад карданд. Дар он ҷо лавҳаи ёдгории мардумӣ гузошта шудааст, аммо кормандони идораҳои шаҳрӣ пайваста онро вайрон ва фаъолони ҳимояткунандаи ин лавҳаи ёдбудро боздошт мекунанд. Танҳо дар соли ҷорӣ чаҳор ҳодисаи ба ин монанд рух додааст. 12 феврал аъзои “Ҷунбиши миллӣ-озодихоҳ” лавҳаи ёдгорӣ ба Борис Немтсов дар Нижний Новгородро вайрон карданд.

Борис Немтсов шаби 28 феврали соли 2015 кушта шуд. Дар солгарди қатли вай дар Москва ва шаҳрҳои дигари Русия мухолифон тазоҳуроти эътирозӣ барпо мекунанд.

XS
SM
MD
LG