Ссылки доступа

Тоҷикистон ба 500 миллион доллари СБП умед дорад


Ба гуфтаи муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон, ин кишвар бо Сандуқи байналмилалии пул (СБП) дар бораи барномаи кумак, ки ҳаҷмаш қариб $500 миллион мебошад, музокирот мекунад.

Ҷамолиддин Нуралиев дар мусоҳиба бо Financial Times гуфт, ки $500 миллион маблағи воқеӣ дар шароитӣ ҳозира аст, аммо ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз дар бораи фиристодани дархости расмӣ ба СБП тасмими ниҳоӣ нагирифтааст.

Ба гуфтаи вай, Тоҷикистон имкони кумакрасониро бо муассисаҳои дигари молии ҷаҳон низ баррасӣ мекунад. Ҷамшед Нуралиев зикр кард, ки дар моҳи декабр Бонки Осиёии рушд ҷудо кардани қарзи $60 миллионӣ ба Тоҷикистонро тасдиқ кард. Вай афзуд, ки ҳоло музокирот барои ҷудо кардани боз $30 миллион аз Бонки ҷаҳонӣ ва $20 миллион аз Сандуқи рушди Авруосиё идома дорад.

Манбаъҳои огаҳи FT иддао доранд, ки СБП ба Тоҷикистон чанд шарт пеш мегузорад. Аз ҷумла, СБП мехоҳад, ки Тоҷикистон аз назорат бар гардиши асъор даст кашида, бозбинии сохтори арсаи бонкдорӣ ва ширкатҳои давлатиро анҷом диҳад. Онҳо бар инанд, ки маблағи воқеии кумаки барномаи СБП бамаротиб камтар аз $500 миллион хоҳад шуд.

Дар пасманзари рукуди иқтисоди Русия ва камшавии интиқоли пули муҳоҷирони меҳнатӣ иқтисоди Тоҷикистон бо мушкилҳои ҷиддие рӯбарӯст.

Қурби сомонӣ дар нисбати доллар дар 12 моҳи ахир 31% пойин рафтааст. Тибқи арзёбии Бонки ҷаҳонӣ, даромади аҳолии Тоҷикистон дар соли гузашта 10% кам шудааст.

XS
SM
MD
LG