Ссылки доступа

Дӯсти писари президент дар ВКД мансаб гирифт


Шоҳрух Саидзода, писари раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Саидов, муовини сардори Раёсати ҷустуҷӯи ҷиноятии ВКД таъйин шуд.

Ин иттилоъро сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Ҷалолиддин Садриддинов тасдиқ кард. Пештар хабаргузории «Азия-Плюс» навишта буд, ки Шоҳрух Саидзода ҳанӯз ҳфтаи гузашта ба мақоми нав таъйин шудааст.

Шоҳрух Саидзода то таъйин шуданаш ба ин мақом президенти тими футболи "Истиқлол" буд. Вай ҳамчунин аз дӯстони наздики Рустами Эмомалӣ, писари президент Эмомалӣ Раҳмон аст.

Рустами Эмомалӣ оҷонсии давлатии мубориза бо коррупсияро раисӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG