Ссылки доступа

$200 000 доллар барои қатли имоми ӯзбек дар Истамбул


Дар додгоҳи Истамбули Туркия ҷузъиёти нави қатли имоми 39-солаи ӯзбек Мирзоғолиб Ҳамидов, ки бо тахаллуси Абулло Бухорӣ машҳур буд, ошкор гардид.

Умед Аминов, ки бо лақаби "Тигран Капланов" машҳур аст, дар ташкили сӯиқасд ба ҷони имом айбдор дониста мешавад. "Тигран Калпанов" ба қотилон пул додааст.

Ба навиштаи нашрияи туркии Yeni Shafak, ба Элдор Аслан, ки имоми ӯзбекро дар Истамбул кушта буд, тавассути "Тигран Капланов" 200 ҳазор доллари амрикоӣ пардохт шудааст. Пулҳоро нафаре бо номи Собир Шукуров, ки корманди мақомоти амниятии Ӯзбекистон дониста мешавад, расонида аст.

Имом Абдулло Бухории 39-сола, ки дар Туркия паноҳанда шуда буд, охири соли 2014 ба қатл расид. Тафтишот далели кофие дар даст надорад, ки ин қатлро Тошканд фармоиш дода бошад. Дар ҳамин ҳол, номи Умед Аминов дар баррасии парвандаи қатли имоми дигари ӯзбек Обидқорӣ Назаров низ зикр шудааст. Собир Шукуров ҳамчунин ҳангоми аксбардорӣ аз манзили раҳбари мухолифони ӯзбек Муҳаммад Солеҳ ба мушоҳида расидааст.

XS
SM
MD
LG